Ссылки доступа

Ошкоршавии нақби пинҳонии дигар дар марзи Узбекистон бо Қирғизистон


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Дар ноҳияи Риштони Узбекистон нақби пинҳониеро пайдо карданд, ки Узбекистонро бо Қирғизистон мепайвандад. Ин нақб дорои лифт, неруи барқ ва дурбинҳои назоратӣ будааст.

Рӯзи 23 июн дар манзили Т.М., сокини ноҳияи Риштони Узбекистон нақбе пайдо шуд, ки ба ноҳияи Қадамҷойи Қирғизистон пайвандӣ дошт. Дар ин бора мақомоти махсуси Узбекистон хабар медиҳанд.

Нақб 1,5 метр паҳноӣ, 2 метр баландӣ ва наздики 130 метр дарозӣ доштааст.

Дар хабари мақомоти Узбекистон гуфта шудааст, ки нақби мазкур барои интиқоли молу маҳсулот аз Қирғизистон ба Узбекистон, бо давр задани гумрук, истифода мешуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Пештар мақомоти Узбекистону Қирғизистон аз пайдо шудани се нақби ба ин монанд хабар дода буданд.

XS
SM
MD
LG