Ссылки доступа

Кишоварзони қирғизистонӣ аз камобӣ эътироз доранд


Кишоварзони деҳаи Новопокравкаи вилояти Чуйи Қирғизистон рӯзи 27 июн бо нишони эътироз аз камобӣ пушти дари бинои ҳукумати он кишвар гирди ҳам омаданд.

Бештар аз 10 кишоварз, ки дар гирдиҳамоӣ ширкат доштанд, гуфтанд, дар сурати фавран об надодани зироатҳояшон, ҳосил коҳиш ёфта, заҳмати онҳо барбод меравад.

"Агар ҳоло об надиҳем, фардо дигар лозим намешавад. Ҳосил кам гардида, дар ивази 100 фоиз мумкин аст, 30 ё 20 фоиз рӯёнем. Ин маънои онро дорад, ки наметавонем, оилаҳоямонро таъмин кунем. Ҳамаи меҳнати мо барбод меравад", - гуфт Сафар Тасмаев, яке аз кишоварзон.

Алмосбек Кидикеев, раиси Хадамоти захоири оби Қирғизистон ба назди кишоварзон баромад. Вай гуфт, ки камобӣ дар Қирғизистон 17 июн шуруъ шуда ва ин ба коҳиши сатҳи оби рудхонаҳо марбут аст.

"Мо ин мушкилро ҳал мекунем. Шабона ҷараёни обро аз ноҳияҳое, ки оби бештар гирифтаанд, гардонида, ба ноҳияҳое мидеҳем, ки аз камобӣ танқисӣ мекашанд. Роҳи дигаре вуҷуд надорад", - гуфт Кидикеев.

Соли 2021 барои Қирғизистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври истисноӣ гарм ва хушк омад. Бисёре аз кишоварзон аз ҳосил маҳрум шуданд.

Баҳор ва тобистони соли 2021 дар Бишкек ва вилояти Чуйи Қирғизистон деҳқонон чанд маротиба гирдиҳамоӣ ташкил ва талаб карданд, ки низоми обрасонӣ таъмир гардад.

XS
SM
MD
LG