Ссылки доступа

Рӯйхат. Номи гуруҳе аз қурбониён ва гумшудаҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон


Тоҷикистон имсол 25-умин солгарди сулҳро ҷашн мегирад. Интизор меравад, ҷашни имсолаи Рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар 27-уми июн аз ҳамаи маҳфилҳои идонаи гузашта фарқ кунад.

Он дар шароите мегузарад, ки ба гуфтаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳолати имрӯзаи ҷаҳон "ниҳоят муташанниҷу буҳронӣ ва мураккабу хатарзо" шуда, таҳкими "иттиҳоду сарҷамъии миллат ва амнияти давлату ҷомеа"-ро талаб мекунад.

Ин паём вокунишҳои зиёде ба бор овард, аз ҷумла онро, ки сарҷамъии миллат ва амнияти давлату ҷомеаро беҳтар аз ҳама волоияти қонун, адолату ростӣ, парҳез аз хушунату зӯроварӣ, эҳтиёт аз такрори хатоҳои гузашта таъмин карда метавонанд.

Ҷанги дохилии солҳои 1992-97 дар Тоҷикистон аз чунин иштибоҳҳо шумурда мешавад, ки рушди ин кишварро барои даҳсолаҳо ақиб андохт ва танҳо сулҳу оромӣ тавонист, истиқлолу озодии кишвар ва мардумро фароҳам оварад.

Ба муносибати Рӯзи Ваҳдати Миллӣ дар кишвар маҳфилу ҷашнҳое баргузор мешаванд. Аммо солҳо қабл пешниҳод гашта буд, ки бояд Осорхонаи Ҷанг ё ҳайкали ёдгору гиромидошти даҳҳо ҳазор қурбонии он бунёд шавад, то дар ин рӯз мардум тавонанд бо иттиҳоду сарҷамъии хос бар пояи чунин ёдгорӣ гул гузоранд.

Ҳатто талоши чанд ташаббускор ва таърихнигор барои бунёди "Китоби сафеди қурбониёни ҷанг" ё Феҳристи миллии қурбониён низ то ҳол натиҷае надодааст. Фаромӯш кардани он ки Тоҷикистон чӣ таърихи хунинеро пас сар кард, метавонад, роҳро ба такрори он боз кунад.

Ба умеди саҳмгирӣ дар бунёди чунин осоргоҳ имрӯз аз бойгонии Радиои Озодӣ сафҳаҳоеро офтобӣ мекунем, ки номи садҳо қурбонии ҷанги дохилиро гирд овардаанд. Ин рӯйхатҳо дар солҳои 1992 ва 1994 ба мо фиристода шудаанд, вале бори аввал нашр мешаванд. Бахше аз онҳоро ҳокимиятҳои онвақтаи ҷамоату ноҳияҳо таҳия кардаанд. Ҷузъиёт ва имлои номаҳо ба тавре ки будаанд, нигоҳ дошта шудаанд.

Дар баъзе аз онҳо кай ва чӣ гуна кушта шудани ин ё он шахс зикр ёфта, дар баъзеи дигар аз гаравгон афтодан ё бенишон шудани шаҳрвандон сухан рафтааст.

Ҷузъиёти ин феҳрист дар сомонаи Радиои Озодӣ мавҷуд аст.

XS
SM
MD
LG