Жаркинбек Қосимбеков, иҷрокунандаи вазифаи вазири тандурустии Қирғизистон гуфт, бо ин маблағ бештар аз 100 василаи нақлиёти тиббӣ харидорӣ мешавад.
"Пойгоҳи фарсудаи техникиву моддии низоми тандурустӣ имкон намедиҳад, ки ба аҳолӣ хадамоти босифат расонида шавад", - гуфт иҷрокунандаи вазифаи вазир.
Вай илова кард, ки пештар аҳолии 500-600 ҳазораи Бишкекро 60 тими ёрии таъҷилӣ хидмат мерасонд. Аммо ҳоло, ки аҳолӣ афзудааст, ҳамарӯза 45-50 тими ёрии таъҷилӣ дар хизмати аҳолӣ аст.