Маводи мухаддире, ки рӯзи 27 июн оташ зада шуд, аз ҳероин, тарёк, ҳашиш, бангдона, кукнор ва дигар мавод иборат буд.
Аз 1,9 тона бештар аз 530 килои он аз сӯи мақомоти гумрук мусодира шуда буд.
Соли гузашта дар Узбекистон 7142 ҷинояти марбут ба маводи мухаддир ошкор шудааст. Миёни афроде, ки дар Узбекистон ба содир кардани ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир муттаҳам мешаванд, 131 нафар шаҳрвандони хориҷӣ будаанд.