Ссылки доступа

Модару бародари Анора Саркороваро дар Душанбе бозпурсӣ кардаанд


Анора Саркорова

Анора Саркорова, журналисти мустақили тоҷик, ки нооромиҳоро дар Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста инъикос мекард, гуфт, маъмурони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД субҳи 27-уми июн модари 68-сола ва бародарашро аз хонаашон дар Душанбе бо худ бурда, баъди бозпурсӣ раҳо кардаанд.

Ӯ рӯзи 27-уми июн дар суҳбати хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот аз онҳо дар бораи фаъолияташ пурсида, аз ин роҳ мехоҳанд, ба ӯ фишор биёранд, то дигар дар бораи қонуншиканиҳо ва нақзи ҳуқуқи инсон нанависад.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ин гуфтаро шарҳ надодаанд.

Анора Саркорова гуфт, пештар аз ин маъмурони амниятӣ дар Бадахшон ба хонаи хешовандони ӯ, аз ҷумла холаву тағояш рафта, дар бораи дар куҷо будани худаш ва макони зиндагии модараш пурсидаанд. Рӯзноманигори мустақил мегӯяд, мақомот бо таҳдиду шиканҷаи азизону хешовандон мехоҳанд, "эътирофи гуноҳ" ба даст биёранд.

Хабарнигори тоҷик, ки худаш зодаи Бадахшон аст, нооромиҳои чанд соли охир ва бахусус моҳи майи имсолро дар ВМКБ пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе аз расонаҳои хориҷӣ инъикос мекард.

Ӯ дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, бо фишору таҳдид, ҳамаро водор кунад, ки "дигар дар бораи нақзи ҳуқуқи фарогир дар кишвар гап назананд."

Анора Саркорова то соли 2018 хабарнигори бахши русии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон буд ва барои фаъолияти хабарнигорӣ ва инъикоси бетарафонаи таҳаввулот, аз ҷумла ҳодисаҳои Бадахшон, дигар аз ҳаққи кор дар Тоҷикистон маҳрум шуд. Дар он солҳо, ба гуфтаи Анора Саркорова, намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба ӯ пешниҳод кардаанд, бо онҳо ҳамкорӣ намояд, вале ҷавоби рад гирифтаанд. Мақомот дар ин бора шарҳе надодаанд.

Хонум Саркорова тахмин мекунад, ки дар Тоҷикистон ба зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва ӯро аз ҷумла ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ муттаҳам мекунанд. Пештар чанд саҳифаи наздик ба мақомот дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора хабар паҳн карданд, вале мақомот ба таври расмӣ дар ин бора чизе нагуфтаанд.

Анора Саркорова ҳамчунин ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маъмурони амниятӣ баъди саркӯби тазоҳуроти охири моҳи май дар Бадахшон, ки даҳҳо куштаву захмӣ барҷой гузошт, хешовандони бисёре аз фаъолони маданиро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бозпурсӣ кардаанд.

Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи майи имсол печида шуд. Дар ҷараёни амалиёти мақомот дар Хоруғу Рӯшон даҳҳо нафар куштаву захмӣ ва даҳҳо каси дигар дастгир шудаанд.

Мақомот ин афродро ба ташкили эътирозу ноамнӣ ва ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла дарёфти пул аз хориҷа муттаҳам мекунанд, вале наздиконашон мегӯянд, онҳо барои ҳимояти ҳуқуқи худ ва пешгирӣ аз густариши ноамнӣ дар вилоят талош доштанд.

XS
SM
MD
LG