Ссылки доступа

Ба расонаҳои Узбекистон дар пардохти андоз сабукӣ медиҳанд


Шуруъ аз 1 июли соли ҷорӣ то 1 июли соли 2025 ба расонаҳои Узбекистон дар пардохти андоз сабукӣ дода мешавад. Дар ин муддат расонаҳо танҳо 50 дарсади андоз аз даромадро мепардозанд.

Дар ин бора Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 27 июн фармон имзо кард.

Ҳамчунин дастгоҳҳои чоп, дастгоҳҳои муосири аксбардориу наворгирӣ, инчунин коғази воридотӣ аз пардохти гумрукӣ озод карда мешавад.

Ба илова бо ҳадафи ҳавасмандсозии рӯзноманигорони фаъол ва ба вуҷуд овардани рақобати солим миёни кормандони расонаҳо дар ҳаҷми 50 нишондод барои пардохтҳо ҷоиза ташкил карда мешавад. Ҷоизаи мазкур ҳар се моҳ барои 100 матлаби беҳтарин пардохт мешавад.

Рӯзи 27 июн дар Узбекистон Рӯзи кормандони расонаҳо ва ВАО таҷлил мешавад.

Созмонҳои байналхалқӣ Узбекистонро кишваре баҳо медиҳанд, ки расонаҳои озод надорад.

Созмони "Хабарнигорони бидуни марз" мегӯяд, дар Узбекистон блогеронро ҳамоно таҳдид ва зиндонӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG