Ссылки доступа

Имзои протоколи навбатӣ оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон


Дар шаҳри Душанбе музокирот дар бораи марзи Қирғизистону Тоҷикистон ба поён расид.

Бахши қирғизии РАО/РО бо такя ба дафтари матбуоти Девони вазирони Қирғизистон хабар медиҳад, ки ҷаласаи гуруҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи давлатӣ аз 21 то 26 июн баргузор шуд.

Дар поёни ҷаласа протоколи дахлдор ба имзо расид, ки мазмуни он мисли ҳуҷҷатҳои ба ин монанд, ки дар гузашта имзо шуда буданд, ифшо нашудааст. Тафсилоти мулоқот ҳам ошкор нашудааст, вале таъкид мешавад, ки он “дар руҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт”.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷаласаи навбатии гуруҳҳои корӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шавад. Моҳи феврали соли ҷорӣ хабар дода шуд, ки дар пайи мулоқотҳои гуруҳҳои кории Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи Қирғизистону Тоҷикистон аз 1 майи соли 2021 беш аз 81 километр марзи муштарак нишон дода шудааст.

Рӯзи 16 апрел раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфт, ки дар мавриди 664 километр тавофуқ ҳосил шудааст, рӯзи 17 апрел ин иттилоъро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам такрор кард. Қирғизистону Тоҷикистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 519 километри он мушаххас ва боқимонда муайян ва аломатгузорӣ нашудааст.

Қитъаҳои миёни вилояти Бодканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон баҳсбарангез боқӣ мондаанд, ки дар наздикии он деҳаҳо ва баъзан ҳатто манзилҳои сокинони ин ду ҷумҳурӣ ҷойгиранд ва ин муайян кардани хатти марзро мушкил мекунад. Ба далели ин номуайянӣ, аксар вақт миёни сокинон ва марзбонони ду кишвари ҳамсоя даргирӣ рух медиҳад.

Дар ин даргириҳо аксар вақт силоҳ низ истифода мешавад, ки боиси талафоти одамон мегардад. Яке аз чунин муноқишаҳо охири моҳи апрели соли 2021 ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он аз ҷониби Қирғизистон 154 нафар ҷароҳат бардошта, 36 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ба ҳалокат расид. Мақомоти Тоҷикистон расман аз кушта шудани 19 нафар ва захмӣ шудани 87 кас хабар дод.

XS
SM
MD
LG