Ссылки доступа

Додгоҳ гумонбарони ҳодисаҳои моҳи октябри Қирғизистонро сафед кард


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 28 июн дар мавриди парвандаи бетартибиҳои моҳи октябри соли 2020 қарор қабул крад.

Ҳамаи гумонбарон, ки президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев низ ҳамроҳ бо онҳо буд, "дар робита ба мавҷуд набудани ҷиноят дар рафторҳояшон" сафед карда шуданд.

Ин дар ҳолест, ки айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, Отамбоевро дар содир кардани ҷинояти "Бетартибии оммавӣ" айбдор дониста, 12 сол аз озодӣ маҳрум кунад. Айбдоркунандаи давлатӣ дар доираи ҳамин парванда барои мушовири пешини президент Фарид Ниёзова ва муҳофизи президент Канат Сагимбоев 7-солии зиндон талаб карда буд.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои раиси ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Темирлан Султонбеков, муовини пешини вазири корҳои дохилии он кишвар Курсан Асанов ва раиси ҳизби "Турон" Жениш Молдокматов 9-солии зиндон талаб карда буд. Додгоҳ ҳамаи онҳоро беайб эълом кард.

XS
SM
MD
LG