Эркинбек Осоев гуфт, ки масири эҳтимолии роҳи оҳан аз ҳудуди Торугарт-Макмал-Ҷалолобод хоҳад гузашт. Осоев гуфт, асосноксозии техникиву иқтисодии тарҳ моҳи декабр ба поён мерасад.
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пештар гуфта буд, ки сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон соли оянда шуруъ ва давоми 3-4 соли оянда ба поён мерасад.
Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон низ гуфта буд, ки "дар ояндаҳои наздик" сохтмони роҳи оҳани мазкур шуруъ мешавад.