Ссылки доступа

Гирдиҳамоии эътирозӣ дар назди бинои ҳукумати Қирғизистон алайҳи ифтитоҳи қиморхонаҳо


Дар шаҳри Бишкек рӯзи 29 июн мухолифони қонунигардонии қиморхона ё казиноҳо дар Қирғизистон назди бинои ҳукумат гирди ҳам омаданд.

Хабарнигори бахши қирғизии Радиои “Озодӣ” мегӯяд, эътирозгарон ҳудуди 10 нафар ҳастанд. Тартиботи ҷамъиятиро кормандони пулис назорат мекунанд.

Як ҳафта қабл, чунин як иқдоми эътирозӣ дар назди “Кохи Сафед” баргузор шуда буд. Эътирозгарон аз вакилони парлумон талаб карданд, ки қонун дар бораи қонунигардонии казиноҳоро қабул накунанд.

Сокинони шаҳри Ӯш низ алайҳи ифтитоҳи казино эътироз карданд. Ҳафтаи сипаришуда Жогорку Кенеш лоиҳаи қонуни ҷанҷолбарангез дар бораи қонунигардонии казиноҳоро қабул кард. Рӯзи дигар, 24 июн, иддае аз сокинони Бишкек гирдиҳамоии эътирозӣ баргузор намуда, аз раисиҷумҳур Содир Ҷабборов хостанд ин санадро имзо накунад.

Аксари мухолифони лоиҳаи қонунигардонии казино барои шаҳрвандони хориҷӣ аз он хавф доранд, ки шаҳрвандони Қирғизистон низ ба қиморбозӣ ҷалб мешаванд.

XS
SM
MD
LG