Чиндалиев афзуд, бо гумони шиканҷа кардани боздоштшудаҳои ҳодисаҳои моҳин янва 9 корманди мақомоти қудартӣ боздошт шудаанд. Аз ин теъдод 8 тан корманди Кумитаи амнияти миллӣ ва як тан пулис ҳастанд. Мақомоти тафтишотии Қазоқистон дар маҷмуъ 15 касро дар истифодаи шиканҷа гумонбар мекунанд.
Пештар мақомоти Қазоқистон мегуфтанд, ки дар ҳодисаҳои моҳи январ 230 тан фавтидааст.
Аммо то кунун рӯйхати комили фавтидаҳои ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон нашр нашудааст. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 5 июн ваъда дод, ки рӯйхат нашр карда мешавад.