Ссылки доступа

Дар Қирғизистон маоши кормандони давлатиро аз моҳи август бештар мекунанд


Дар ин бора Оқилбек Ҷабборов, раиси девони вазирони Қирғизистон рӯзи 29 июн хабар дод. Вай нагуфт, ки маоши кормандон чанд дарсад меафзояд.

Ҷабборов пештар низ хабар дод буд, ки дар Қирғизистон аз моҳи октябр ҳаҷми нафақа боло меравад. Дар он кишвар дар моҳи апрел маоши омӯзгорон, кормандони соҳаи тиб ва фарҳангро афзуданд.

Соле пеш мақомоти Қирғизистон хабар дода буданд, ки дар он кишвар наздики 28 ҳазор ходими давлатӣ фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG