Ссылки доступа

Дар Қирғизистон мехоҳанд, роёна, дастгоҳҳои чоп ва паҳнкунандаи Wi-Fi тавлид кунанд


Дар ин бора раиси девони вазирони Қирғизистон Оқилбек Ҷабборов рӯзи 29 июн хабар дод.

Таҳти назорати ширкати "Қирғизиндустрия" дар Қирғизистон тасмим доранд, дастгоҳҳои дузандагӣ, ҷиҳози хона, дастгоҳҳои чопӣ, тақсимкунандаи Wi-Fi, роёна ё компютер ва дигар дастгоҳҳо истеҳсол кунанд.

Оқилбек Ҷабборов гуфт, ин ширкати давлатӣ бояд ҳамчун "пешбарандаи иқтисод" пазируфта шавад.

Ширкати "Қирғизиндустрия" бо сармояи 1 млрд сомӣ дар Қирғизистон ибтидои соли ҷорӣ таъсис шуд.

XS
SM
MD
LG