Ссылки доступа

Хонаи муҳташам дар Ҳонконг, ки ба Каримова рабт дошт, эҳтимол $68,4 млн фурухта шудааст


Як хонаи муҳташам дар Ҳонконг, ки эҳтимолан ба Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон рабт дошт, мумкин аст, бо қимати 68,4 млн доллар фурухта шуда бошад. Дар ин бора расонаҳои байналхалқӣ хабар медиҳанд.

Ба иттилои расонаҳо, хонаи мавриди назар соли 2008 бо қимати 36,5 млн доллар ба ширкати Zeromax фурухта шуда буд. Ширкати мазкурро ба Гулнора Каримова рабт медиҳанд.

Додситонии кулли Узбекистон соли 2017 дар бораи хонаи мазкур хабар дода буд.

Гулнора Каримова соли 2015 ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯро дубора соли 2020 бо айби "ғорати маблағҳои буҷаи Узбекистон ва бастани шартномаҳо бар зарари Узбекистон, инчунин аз худ кардани амволи дигарон бо роҳи тамаъҷӯӣ" ба 13 солу 4 моҳи дигар маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG