Ссылки доступа

Додситонии Тоҷикистон парвандаи пурсарусадои марги Манораро шарҳ дод


Манораи Абдуфаттох

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи пешакии марги як ҷавонзани 25-сола аз Файзобод нишон дод, ки ӯ худкушӣ кардааст ва сабаби марги ӯ каси дигаре нест.

Додситонӣ рӯзи 2-уми июл бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, бо вуҷуди ин тафтиши марги Манораи Абдуфатоҳ идома дорад.

Дар баёния омадааст, ки модари се тифл рӯзи 22-уми июн дар ҳуҷраи истиқоматиаш дар ноҳияи Файзобод “бинобар муомилаи бераҳмонаи наздикон бо истифода аз корди ошхонагӣ ба гардан ва шиками худ зарба зада, сабаби хунравии шадид гаштааст.”

Ба гуфтаи додситонӣ, ҷасади ба хун оғушта ва беҳуши Манораро аммааш пайдо карда ва бо даъвати бародару хоҳари ҷабрдида ӯро ба бемористон бурдаанд, вале “бо вуҷуди андешидани кумаки аввалияи тиббӣ Абдуалимзода Манораи Абдуфаттоҳ бинобар хунравии зиёд фавтидааст.”

Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора, пофишорӣ дорад, ки духтараш наметавонист худкушӣ кунад, чун дар бадани ӯ “26 зарби корд ҳисоб кардааст.” Додситони кулл мегӯяд, "амалҳои зиёди тафтишотӣ ва экспертизаҳои судии гуногун, муайян кардааст", ки сабаби марги Абдуалимзода хунравӣ аз се захми амиқ дар гардан ва шиками ӯ будааст.

Ба қавли додситонӣ “захму харошаҳои дигари бадани Абдуалимзода М.А. сатҳӣ буда, сабаби марг шуда наметавонанд ва аз тарафи худи ӯ расонида шудаанд.”

Додситонии ноҳияи Файзобод баъди анҷоми таҳқиқи марг бо моддаи “ба худкушӣ расонидан" парванда боз кардааст, вале маълум нест, ки касеро ба ҷавобгарӣ кашидаанд, ё не. Аз Манора се фарзанд мондааст, ки онҳоро додгоҳ ба хонаводаи шавҳараш супурдааст. Замони ҳодиса шавҳараш дар Русия буд. Хонаводаи шавҳараш аз суҳбат дар ин бора худдорӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон худкушӣ дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ зиёд рӯй медиҳанд. Дар бештари маврид мақомот шахсеро барои "ба худкушӣ расонидан" ба ҷавобгарӣ мекашанд. Дар баъзе ҳолати дигар, нафаре, ки худашро куштааст, "бемори равонӣ" номида мешавад.

XS
SM
MD
LG