Ссылки доступа

Додситонии Узбекистон гуфт, дар бетартибиҳои Қароқалпоқистон 243 кас захмӣ ва 18 кас кушта шудааст


Додситонии кулли Узбекистон 4 июл эълом кард, ки дар натиҷаи бетартибиҳои оммавии шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистон 243 нафар, аз ҷумла 38 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ захмӣ шуда, 18 нафар ба ҳалокат расидааст.

Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба сардори хадамоти иттилооти Горди миллии Узбекистон Даврон Ҷуманазров хабар додаанд, ки дар ҷараёни бетартибиҳои мазкур 516 кас дастгир гаштааст. Нисбат ба баъзе онҳо тафтишот идома дошта, бархеашон аллакай ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд.

Ҳамчунин 58 нафар дар шаҳри Нуқус барои риоя накардани қуюди шабгардӣ боздошт гаштааст.

"Дар натиҷаи бертартибиҳои оммавии рӯзҳои 1 ва 2 июл 243 нафар бо захмҳои гуногун ба бемористон муроҷиат кардааст. Дар ҳоли ҳозир 94 нафари онҳо дар беморхона бистарӣ буда, вазъи бархеашон, аз ҷумла кормандони ҳифзи ҳуқуқ вахим арзёбӣ мешавад. Барои намуна, як фармондеҳи Горди миллии Қароқалпоқистон се захми тир бардоштааст ва пойи як фармондеҳи дигар шикастааст", - иттилоъ дод Ҷуманазаров.

Феълан дар Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон вазъи фавқулода ҷорӣ шудааст ва то 2-юми август идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG