Ссылки доступа

Ширкати русӣ конҳои мисро дар вилоятҳои нави Қазоқистон коркард карданист


Ширкати "Русская медная компания", ки бо истеҳсоли мис машғул аст, мехоҳад, ду конро дар вилоятҳои тозатаъсис - Абай ва Жетисуи Қазоқистон коркард кунад.

Дар ин бора хабаргузории "КазТАГ" бо истинод ба дафтари матбуотии сарвазири Қазоқистон хабар додааст.

"Ман бо президенти "Русская медная компания" Всеволод Левин масъалаи татбиқи лоиҳаҳои нав дар саноати кӯҳӣ ва металлургиро баррасӣ кардам. Левин дар бораи фаъолияти истеҳсолии ширкат дар вилояти Оқтеппа, нақшаи иҷрои лоиҳаҳо дар вилоятҳои Абай ва Жетису суҳбат кард", - гуфтанд дар дафтари матбуотии сарвазири Қазоқистон4 июл.

Сарвазири Қазоқистон гуфтааст, коркарди конҳои "Коксой" ва "Айдарлӣ" барои кишвараш аҳамияти бузург дорад.​

XS
SM
MD
LG