Ссылки доступа

Ба даҳҳо қазоқистонӣ иҷозат намедиҳанд, Қароқалпоқистонро тарк кунанд


Ҳудуди 80 шаҳрванди Қазоқистон рӯзи севум аст, ки наметавонанд марзи Узбекистонро убур карда, Қароқалпоқистонро тарк кунанд.

"Вазъ таҳти назорати махсуси дипломатҳои мо дар Узбекистон қарор дошта, гуфтугӯҳо бо ҷониби ҳамсоякишвар дар ин замина идома доранд. Мо тамоми талошамонро мекунем, то мушкил зудтар ҳал шавад. Қазоқистониҳо дар як рӯз се вақт бо ғизо таъмин карда мешаванд", - гуфт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Айбек Смадияров.

Ба гуфтаи вай, дар марз ҳудуди 80 шаҳрванди Қазоқистон ҳузур доштаанд, вале бархе аз онҳо ба шаҳри Нуқус, пойтахти Қароқалпоқистон дубора баргаштанд.

Тазоҳурот дар Қароқалпоқистон баъди он баргузор шуд, ки мақомоти Узбекистон рӯзи 26-уми июн тарҳи нави Конститутсияро ба баррасии умум гузоштанд. Бар асоси он, “мустақилӣ”-и Ҷумҳурии мухтор аз байн рафтааст. Дертар ва баъди тазоҳуроти хунин порлумони Узбекистон гуфт, мақоми мухтори Қароқалпоқистон нигоҳ дошта хоҳад шуд.

Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон дар ҳудуди Узбекистон тақрибан ду миллион аҳолӣ дорад ва чиҳил дарсади қаламрави ин кишвари Осиёи Марказиро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG