Ссылки доступа

"Барои камбизоат гарон аст" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- "Барои камбизоат гарон аст".​ Боғдорони тоҷик аз ҳосили имсолаи боғҳояшон розианд ва мегӯянд, барояшон соли фаровонӣ омад. Харидорон шикоят доранд, ки бо вуҷуди фаровонии ҳосил нархи меваю сабзавот поин нарафт. (видео)

- 18 кушта ва 243 захмӣ дар Қароқалпоқистон. ​Додситонии кулли Узбекистон рӯзи 4-уми июл гуфт, дар натиҷаи бетартибиҳои оммавӣ дар шаҳри Нуқуси Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон 243 нафар, аз ҷумла 38 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ захмӣ шуда, 18 кас ба ҳалокат расидааст. (видео)

- "Кордро дар гӯлуям монд". Латофати 47-сола аз ҷабру ситами шавҳар се духтарашро гирифту аз хона гурехт. Шавҳараш мегӯяд, аз ӯ нопурсида телефон харидааст. (видео)

- Дар Тоҷикистон "Айфон" харидори камтар доштааст.​ Аз тавлиди нахустин "Айфон", ки дар Тоҷикистон ҳам дӯстдорони зиёд дорад 15 сол гузашт. Доштани ин телефонро бисёриҳо орзу мекунанду тавлиди навтарин навъашро интизор мешаванд. Барои гурӯҳе дар Тоҷикистон ҳам доштани абзорҳои Apple, аз ҷумла "Айфон" мояи ифтихор аст, аммо ҳама онро намехарад. Чаро? (видео)

-«Ҳисси сензура доимо ҳаст». Баргузории гирдиҳамоӣ барои озодии баён дар Алмато (нигористон)

- Волидони Манора посухи марги духтарро меҷӯянд. Додситонии кулли Тоҷикистон ба таҳқиқи марги баҳсбарангези як зани ҷавон дар Файзобод оғоз кардааст. Ҷасади Манораи Абдуфаттоҳро бо 26 зарби корд рӯзи 22-юми июни соли 2021 дар манзили иҷорааш дар ноҳияи Файзобод ёфтанд. Мақомот гуфтанд, ӯ худкушӣ кардааст. Наздиконаш бовар надоранд (видео)

- Кӣ дар Тоҷикистон ҳаққи имомхатиб шудан надорад? ​Бар асоси тағйирот ба қонун дар бораи "Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ", ки ҳафтаи гузашта қабул шудааст, интихоби муассисони иттиҳодияи динӣ ё имоми масҷидҳо дар Тоҷикистон сахттар мешавад. Онҳое, ки ҷиноятҳои вазнин содир мекунанд, ҳақ надоранд, ки ҳазорон нафар аз пасашон намоз гузоранд (видео)

- Путин ба Душанбе омад. ​Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ки ба далели таҷовузи кишвараш ба хоки Украина моҳҳо боз зери танқиду бори таҳримҳои Ғарб аст, рӯзи 28-уми июн ба Душанбе омад (видео)

- Сокинон гуфтанд, ки 27-уми июн чӣ гуна рӯз аст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз сокинон пурсиданд, ки дар бораи санаи 27-уми июн чӣ медонанд ё аслан медонанд, ки ин чӣ рӯз аст? Посухҳоро дар навор бинед (видео)

- Умре дар омӯзиши "Шоҳнома". Худоӣ Шарифзода кӣ буд? (видео)

- ​Соҳибкорони тоҷик аз ҷанги Русия бо Украина гила карданд (видео)

- ​Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат. Роҳе, ки Далеру Абдуллоҳ интихоб карданд. Як ҳафта аст, ки дар саҳифаи ютубии Далери Имомалӣ гузориши нав пахш намешавад. Рӯзҳои қабули вазирону раисон ҳам бе интрига мегузарад, чун Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ногаҳон бо камера аз дар намедароянд. Рӯзи 15-уми май Додситонии ноҳияи Шоҳмансур ин ду рӯзноманигори тоҷикро боздошт кард (видео)

- Путин пайваста номи президенти Қазоқистонро фаромӯш мекунад: ин ҳолат вақте рух медиҳад, ки муносибатҳо сардтар мешаванд ​(видео)

- Украина барои русиягиҳо низоми раводид ҷорӣ мекунад (видео)​

- "Зиёдбек ҳаргиз рад намекунад, ҳамеша кӯмак мерасонад": саргузашти пизишки аспсавор дар деҳаи дурдасти Қазоқистон (видео Настоящее время)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG