Ссылки доступа

Иттиҳоди Аврупо хост, ҳодисаи Қароқалпоқистон таҳқиқ шавад


Иттиҳоди Аврупо дар изҳороте рӯзи 4-уми июл хост, тазоҳуроти олуда ба хушунат дар Қароқалпоқистон, Ҷумҳурии мухтор дар Узбекистон, мустақилона таҳқиқу арзёбӣ шавад.

Мақомоти Узбекистон мегӯянд, дар ҷараёни нооромиҳои 1 ва 2-юми июл дар ин ҷумҳурии мухтор 18 кас кушта, беш аз 243 нафар захмӣ ва зиёда аз 500 тан дастгир шуданд.

Мардум мегӯянд, ба зидди ислоҳи Конститутсияи Узбекистон, ки мустақилии онҳоро аз байн мебурд, тазоҳурот карданд. Мақомот онро ғайриқонунӣ ва кӯшиши ғасби идораҳои давлатӣ номиданд.

Дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо аз талафоти ҷонӣ дар ҳодисаи Қароқалпоқистон ибрози таассуф шудааст. “Мо таҳаввулотро бодиққат пайгирӣ мекунем," – гуфтаанд дар изҳорот.

Иттиҳоди Аврупо аз “ҳамаи ҷонибҳо” хостааст, хештандорӣ нишон диҳанд ва аз хушунатҳо дар оянда пешгирӣ кунанд.

“Иттиҳоди Аврупо аз мақомот даъват мекунад, ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи бунёдӣ ба озодии баён ва озодии гирдиҳамоиро тибқи масъулиятҳои байнулмилалии Узбекистон кафолат бидиҳанд,” – омадааст дар изҳорот.

Тазоҳурот дар Қароқалпоқистон баъди он баргузор шуд, ки мақомоти Узбекистон рӯзи 26-уми июн тарҳи нави Конститутсияро ба баррасии умум гузоштанд. Бар асоси он, “мустақилӣ”-и Ҷумҳурии мухтор аз байн рафтааст. Дертар ва баъди тазоҳуроти хунин порлумони Узбекистон гуфт, мақоми мухтори Қароқалпоқистон нигоҳ дошта хоҳад шуд.

Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон дар ҳудуди Узбекистон тақрибан ду миллион аҳолӣ дорад ва чиҳил дарсади қаламрави ин кишвари Осиёи Марказиро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG