Ссылки доступа

Дар Қирғизистон истеъфои вазири умури дохилиро талаб доранд


Як гуруҳ аз сокинони Қирғизистон 5 июл дар назди бинои Вазорати умури дохилии он кишвар дар шаҳри Бишкек бо талаби қатъи хушунат нисбат ба духтарон ва бонувон ҳамоиши эътирозӣ карданд.

Эътирозгарон, ки дар миёни онҳо ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони маданӣ низ ҳастанд, ҳамчунин истеъфои вазири умури дохилии Қирғизистонро хостор шуданд.

Ҳамоиши эътирозӣ дар пайи нашри хабари гумонбар шудани ду корманди пулис дар таҷовузи як духтари 13-сола сурат мегирад.

Ба иттилои Кумитаи омори Қирғизистон, соли гузашта дар он кишвар 3034 ҳолати хушунат алайҳи кудакон сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG