Ссылки доступа

Рустам Саидаҳмадзодаро ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифтаанд


Пайвандонаш гуфтанд, мақомот Рустам Саидаҳмадзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба ду моҳ ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Ӯ 29-уми июн дар Душанбе дастгир шуд.

Мурофиа рӯзи 1-уми июл дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилии Душанбе гузаштааст.

Яке аз наздкиони Саидаҳмадзода рӯзи 4-уми июл гуфт, ӯ барои "баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" ва "расондани хабари бардурӯғ" гумонбар аст, аммо худро гунаҳкор намедонад.

Мақомот парвандаи ӯро шарҳ надодаанд ва ҷузъиёти айби ӯ ҳам маълум нест.

Номи Рустам Саидаҳмадзода дар сомонаи расмии Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров истодааст. Фармони раисиҷумҳур дар бораи барканории ӯ содир нашуда.

Саидаҳмадзода соли 2017 додраси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин шуд. Пеш аз он дар Додгоҳи ноҳияи Шаҳристон кор мекард.

Рустам Саидаҳмадзода соле пеш ва баъди онки як сокини вилояти Суғдро дар муҳокима бегуноҳ эълон кард, дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Дар Тоҷикистон, ки мақомот додгоҳҳоро озоду мустақил мешуморанд, аммо созмонҳои байнулмилалӣ пойбанди ҳукумат медонанд, "ҳукми сафед" хеле кам содир мешавад.

Он замон Коллегияи тахассусии Додгоҳи олии Тоҷикистон Саидаҳмадзодаро ба вайрон кардани интизоми корӣ гунаҳкор донист. Кумисюни байнулмилалии ҳуқуқшиносон ё ICJ баръакс аз мақомот хост, фишорро ба додрасҳо бас кунанд.

Дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас фаъоланд. Дар даҳ соли охир тақрибан сӣ нафари онҳо ба иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад", аз мансаб рондаву дастгир ва ба зиндон маҳкум шудаанд. Мақомот ошкоро намегӯянд, ки додрасҳо чӣ гуноҳ кардаанд, аммо баъзе аз манобеъ қазияи онҳоро бештар ба ришваситонӣ пайванд медиҳанд.

XS
SM
MD
LG