Ссылки доступа

Дар Қирғизистон як додрасро ба харидани диплом айбдор мекунанд


Зидди як додраси Додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкеки Қирғизистон бо гумони дарёфти ғайриқонунии диплом парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба иттилои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, парванда бо банди "Сӯистифода аз мақом" боз гаштааст.

Манбаъ афзуда, ки додрас Т.М. соли 2003 ҳангоми таҳсил дар курси севуми факултети иқтисодии Донишгоҳи миллии Қирғизистон ғайриқонунӣ ба курси якуми факултети ҳуқуқшиносии ҳамин донишгоҳ гузаштааст.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов моҳи январи имсол дастур дода буд, ки шаҳрвандӣ ва дипломи тамоми хидматчиёни давлатӣ санҷида шавад.

XS
SM
MD
LG