Ссылки доступа

Боздоштшудаҳо дар Қароқалпоқистонро ба вилоятҳои дигар бурданд


Як қисми гумонбарон дар бетартибиҳои оммавӣ дар Қароқалпоқистони Узбекистон, ки рӯзҳои 1 ва 2 июл рух доданд, дар боздоштгоҳи муваққатии вилоятҳои Хоразм ва Бухорои он кишвар нигаҳдорӣ мешаванд.

“Онҳое, ки ба муҳлати 10 ва 15 шабонарӯз ҳабс шудаанд, дар худи Қароқалпоқистон нигаҳдорӣ мешаванд”, - иттилоъ дод як хабарнигори маҳаллӣ бо истинод ба манбаи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон.

Сухангӯи Горди миллии Узбекистон Даврон Ҷуманазаров 4 июл хабар дода буд, ки дар ҷараёни эътирозҳои шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистон 516 кас дастгир шудааст.

Қаблан Додситонии кулли Узбекистон хабар дода буд, ки дар робита ба эътирозҳои Нуқус бо банди “Сӯиқасд ба сохти конститутсионии кишвар” парванда боз гаштааст.

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ (Amnesty International) 5 июл гуфт, мақомоти Узбекистон бояд фавран шарҳ диҳанд, ки дар Нуқус чи рух додааст ва ҳамчунин аз Тошканди расмӣ хоста шудааст, ки истифода аз нерӯ зидди эътирозгарон дар Қароқалпоқистон беғараз, воқеъбинонаву ҳамаҷониба тафтиш ва мурофиаҳо одилона баргузор карда шавад.

Как начинались и как были подавлены протесты в Каракалпакстане: хронология
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:41 0:00

XS
SM
MD
LG