Ссылки доступа

Мирзиёев вазъи Қароқалпоқистонро бо Путин баррасӣ кард


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамтои руси худ Владимир Путин 5 июл суҳбати телефонӣ анҷом додааст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Узбекистон, раисҷумҳури Русия аз “чораҳои қатъии мақомоти узбек барои ба эътидол овардани вазъ дар Қароқалпоқистон ҷонибдорӣ кардааст”.

Ин нахустин суҳбати телефонии президенти Узбекистон бо ҳамтои русаш баъд аз эътирозҳо дар шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистон аст, ки рӯзҳои 1 ва 2 июл сар заданд.

Мирзиёев ишора кардааст, ки дар бетартибиҳои Нуқус нерӯҳои хориҷӣ даст доранд, вале дақиқ нагуфтааст, ки он кори кадом нерӯҳо аст.

Ҳукумати Узбекистон дар бетартибиҳо баъзе шаҳрвандонеро айбдор кард, ки ислоҳоти конститутсиониро дар он кишвар “нодуруст” дарк кардаанд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни бетартибиҳо 18 нафар кушта ва 246 кас захмӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG