Ссылки доступа

Вазири қирғиз таҳқиқоти Радиои Озодиро шарҳ дод


Вазири рушди рақамии Қирғизистон Талантбек Имонов дар суҳбат бо хабаргузории давлатии "Кабар" таҳқиқоти бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар бораи азхудкунии 54 миллион сом дар корхонаи "Улан"-ро шарҳ додааст.

Имонов маълумотҳои дарҷшуда дар таҳқиқотро "туҳмат, комилан дуруғ ва сохтакории далелҳо" номидааст.

"Бале, нисбати кормандони "Улан" чунин парванда бо моддаи 205, қисми 3-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон боз шуда буд. Дар доираи он парванда маро ҳам бозпурсӣ карданд ва баъдан бо сабаби мавҷуд набудани таркиби ҷиноят таъқиб алайҳи ман қатъ карда шуд", гуфтааст Имонов.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ моҳи июни соли равон таҳқиқотеро бо номи "Изҳои 54 миллион азхудшуда дар Улан" нашр кард.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон моҳи ноябри соли 2020 хабар дода буд, ки ҳолатҳои азхудкунии маблағҳои буҷа аз ҷониби мансабдорони ширкатҳои "Дастан" ва "Улан" ошкор шудааст. Имонов он замон мудири "Дастан" буд.

XS
SM
MD
LG