Ссылки доступа

Се иштирокчии тазоҳуроти "Ҷиноятҳои Нурсултон"-ро ҳабс карданд


Додгоҳи шаҳри Алмато ҷонибдорони Ҳизби сабтиномнашудаи демократии ин кишварро барои иштирок дар гирдиҳамоии бидуни иҷозати "Ҷиноятҳои Нурсултон" дар назди муҷассамаи Абайи шаҳр ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидааст.

Ҳамсари раиси ҳизб Инга Имонбой ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ хабар дод, ки се иштирокчии гирдиҳамоӣ Қозибек Бердибеков, Сағидолла Мергембоев ва Берик Ҳамидулин 15 шабонарӯз ҳабс ва боқӣ аз аз 30 то 70 нишондиҳанда (1 нишондиҳанда - 6,5 доллар) ҷарима карда шудаанд.

Пулиси Алмато ҷонибдорони Ҳизби сабтиномнашудаи демократии ин кишварро, ки 6 июл дар назди муҷассамаи Абай гирди ҳам омада буданд, дастгир кард.

Беш аз даҳ ҷонибдори ҳизби мазкур соатҳои 11 дар даст лавҳаҳо дар назди муҷассамаи Абай ҷамъ шуданд. "Арон Отабекро 15 сол дар зиндон нигаҳ дошта, куштанд. Давлат Агадилро куштанд. Дар Жанаозен ва ҳодисаҳои моҳи январ тирпарониро ташкил кард. Вале ба ягон тои ин ҷиноятҳо посух нагуфт. Ӯ бояд посух диҳад", - изҳор дошт Инга Имонбой.

Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон қаблан гуфта буд, ки 6 июл таҳти унвони "Ҷиноятҳои Нурсултон Назарбоев" ҳамоиши эътирозӣ баргузор мекунад.

XS
SM
MD
LG