Муҷоҳид дар Твиттер навиштааст, ки “ҳамлаҳои мушакӣ аз Афғонистон ба Узбекистон кори доираҳои бадхоҳе аст, ки мехоҳанд миёни ду кишвари дӯст фазои нобоварӣ эҷод кунанд”.
Расонаҳо пештар хабар доданд, ки нимаи дувуми рӯзи 5 июли соли равон аз қаламрави Афғонистон ба шаҳри Тирмизи вилояти Сурхандарёи Узбекистон 5 мушак партоб шудааст.
Вазорати умури хориҷии Узбекистон бо тасдиқи ин хабар гуфт, дар натиҷаи партоби мушакҳо “талафот ва захмӣ ба қайд гирифта нашудааст".