Ссылки доступа

Боздошти чанд дипломати аврупоӣ дар Эрон. Сипоҳ мегӯяд, онҳо "ҷосусанд"


Мақомоти Эрон аз боздошти чанд дипломати аврупоӣ ба иттиҳоми "ҷосусӣ" хабар доданд. Бархе аз кишварҳо боздошти дипломатҳои худ дар Эронро рад кардаанд.

Хабаргузориҳо давлатӣ ва нимадавлатии Эрон ва низ телевизиони давлатии он кишвар навори видеоиеро, ки аз сӯи бахши истихбороти Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ таҳия шуд, дар ин бора нашр карданд. Дар он муовини сафири Бритониё дар Теҳрон ва чанд дипломати дигар ба "ҷосусӣ" ва гирифтани намуна аз хоки минтақаҳои низомӣ", муттаҳам шудаанд. Ин гузориш ҳамчунин аз "шиносоӣ ва боздошт"-и чанд дипломати хориҷӣ хабар дод, аммо шарҳи бештари пешниҳод накард.

Дар навор Сипоҳи посдорон гуфта мешавад, ин "дипломатҳо" аз ҷумла як диломати баландпояи Бритониё ва ҳамсари атташеи фарҳангии Сафорати Австрия ҳангоми "намунабардорӣ аз хоки минтақаи мамнуъ" аз сӯи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Сипосҳ пайгирӣ ва шиносоӣ шуданд.

Хабаргузории "Рейтерз" низ ба нақл аз телевизиони давлатии Эрон аз боздошти "Гилз Витекр, (Giles Whitaker) муовини сафири Бритониё" дар Теҳрон хабар додааст.

Аммо як сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Бритониё гузоришҳо дар ин бораро комилан "беасос" донистааст. Ин сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Бритониё гуфтааст, "гузоришҳо дар бораи боздошти як дипломати бритониёӣ комилан нодуруст аст".

Сухангӯи Сафорати Бритониё дар ИМА низ дар паёме твиттерӣ навишт, ки Гилз Витекр дигар ҳатто дар Эрон нест.

Дар гузориши Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ишорае ба замони шиносоӣ ва боздошти ин афрод нашудааст.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки Гилз Витекр, "муовини сафир"-и Бритониё дар Теҳрон ҳамроҳ бо хонаводааш дар ҳоли "намунабардорӣ аз хоки як минтақаи мамнуъ" буд, ки дар онҷо "як размоиши мушакии Сипоҳи посдорон анҷом шуда буд".

Дар ин навор ҳамчунин иддао мешавад, ки "ӯ (Гилз Витекр) пас аз узрхоҳӣ аз шаҳре, ки ба он сафар карда буд, ихроҷ мешавад".

Расонаҳои ҳукуматии Эрон ҳамчунин аз шиносоии ҳамсари атташеи фарҳангии Сафорати Австрия ҳангоми намубардорӣ аз хоки минтақа"-и яке аз деҳаҳои тобеи Домиғон хабар доданд.

Ҳанӯз Вазорати корҳои хориҷии Австрия ба ин гузориш вокуниш нишон надодааст.

Дар ин навори видеоӣ як хориҷии дигар бо номи Матсией Валтзак низ нишон дода мешавад, ки ба иддаои телевизиони Эрон, устоди донишгоҳ дар Лаҳистон буда ва ба унвони сайёҳ ба Эрон сафар карда буд. Матсией Валтзак ва се ҳамкори ӯ дар ин навор муттаҳам мешаванд, ки дар ҷараёни як барномаи табодули илмӣ, аз хоки як минтақаи дигар намунабардорӣ кардаанд.

Бахши амнияти Сипоҳи посдорони Эрон дар солҳои ахир шуморе аз афроди хориҷӣ ваё афроди дорои душаҳрвандиро боздошт ва онҳоро барои фаъолиятҳо алайҳи амниятӣ миллӣ ва ҷосусӣ, муттаҳам кард.

Дар ҳамин замина, додгоҳи Эрон рузи чаҳоршанбе иттиҳоми расмии ду фаронсавии боздоштшуда дар Эронро эълон кард. Онҳо муттаҳам мешаванд, ки бо ҷунбиши эътирозии муаллимон дар Эрон робита доштанд.

Хабари боздошти дипломатҳои хориҷӣ дар ҳоле нашр мешавад, ки музокироти Эрон ва кишварҳои ғарбӣ барои барқарор кардани созиши ҳастаӣ ба бунбаст рӯбарӯ шудааст. Мақомҳои амрикоӣ мегӯянд, ки Эрон дар музокироти ҳафтаи гузашта дар Давҳа хостаҳои фаротар аз созиши ҳастаӣ матраҳ кард, ки нишонаи ҷиддӣ набудани Теҳрон барои бозгашт ба ин тавофуқнома аст.

XS
SM
MD
LG