Ссылки доступа

Тоқаев масири фарохазариро барои содироти нафт беҳтарин номид


Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 7 июл, як рӯз баъд аз нашри хабари қатъи фаъолияти Консорсиуми лӯлаи Хазар (КЛХ) ба муҳлати як моҳ гуногунсозии роҳи интиқоли нафтро ба хориҷ "вазифаи муҳим" номид.

Вай дастур додааст, ки беҳтарин гузинаи иҷрои масири фарохазариро коркард ва тавонмандии ду қубури нафтро афзоиш диҳанд.

"Самти афзалиятнок масири фарохазарӣ мебошад. Ба "ҚазМунайГаз" супориш медиҳам, ки беҳтарин гузинаи татбиқи он, аз ҷумла имкони ҷалби сармоягузоронро таҳия кунад", - изҳор доштааст ӯ.

Тоқаев ҳамчунин дастур дод, ки бандарҳои Қазоқистон ба марказҳои пешрафтаи баҳри Хазар табдил дода шаванд.

Изҳороти Тоқаев пас аз он садо дод, ки додгоҳи ноҳияи Приморский 5 июл фаъолияти КЛХ-ро ба далели нақзи қоидаҳои ҳуҷҷатгузорӣ барои 30 рӯз боз доштааст. Қисми зиёди нафт аз Қазоқистон ба воситаи КЛХ содир мешавад.

XS
SM
MD
LG