Ссылки доступа

Мудири дафтари Радиои Озодӣ дар Бишкекро ду бор бозпурсӣ кардаанд


Мудири бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар шаҳри Бишкек Айзада Касмалиева 7 июл бори дувум ҳамчун шоҳид дар шуъбаи пулиси ноҳияи Ленини пойтахти Қирғизистон бозпурсӣ шудааст.

Ӯ ба суолҳо дар робита ба матлабе дар бораи қарзи хориҷии Қирғизистон посух гуфтааст. Маъмурони пулис аз ӯ пурсидаанд, ки ин матлаб бо кадом ҳадафҳо нашр шудааст.

Сипас кормандони пулис аз мудири бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Бишкек хостаанд, имзо гузорад, ки ҷузъиёти бозпурсиро ошкор намекунад, вале ӯ рад карда, ҳамчунин ҳуқуқшиноси радио Акмат Алагушем, ки дар бозпурсӣ ҳузур дошт, гуфтааст, талаби маъмурони пулис ғайриқонунӣ аст.

Касмалиева бори нахуст 5 июл дар шуъбаи пулиси ноҳияи Ленин дар робита ба изҳороти сиёсатмадори мухолиф Равшан Ҷеенбеков дар бораи қарзи хориҷии Қирғизистон бозпурсӣ шуда буд. Муфаттиш гуфта буд, ки ин бозпурсӣо на дар доираи ягон парвандаи ҷиноӣ, балки барои дарёфти маълумот сурат мегиранд.

Вакили пешини порлумони Қирғизистон Равшанбек Ҷеенбеков шоми 1 июл хабар дод, ки ӯро дастгир карданд. Ӯ чанд соат дар шуъбаи пулис бозпурсӣ шуд. Сиёсатмадор баъди берун шудан аз шуъбаи пулиси ноҳияи Ленин гуфт, ӯро барои он боздошт ва бозпурсӣ карданд, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар бораи азми мақомоти қирғиз барои ҷалби 1,3 миллиард доллар қарзи хориҷӣ дар соли равон матлаберо нашр кард.

XS
SM
MD
LG