Ссылки доступа

Як ноболиғи қазоқ дар эътироз ба амали додситонҳо худро корд задааст


Қодирҷон Абизи 17-сола, ки баъди ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон зиддаш бо гумони "дуздии силоҳ" тафтишот оғоз шуда буд, ба худ осеби ҷисмонӣ расонидааст.

Ноболиғ 7 июл аз ноҳияи сар ва гардан ба худ осеб расондааст ва ӯро ба бемористоне дар наздикии шаҳри Алмато бурдаанд.

Абиз аз дохили мошини "Ёрии таъҷилӣ" дар суҳбат ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, дар эътироз ба фиристода шудани парвандааш ба додгоҳ худро корд зад. Ба гуфтаи ӯ, додситонҳо пештар ваъда дода буданд, ки агар далеле пайдо нашавад, парвандаи ӯро қатъ мекунанд.

"Онҳо парвандаро ба додгоҳ фиристода, маро хабар накардаанд. Маро даъват накарданд ва ман чизеро ҳам имзо нагузошта будам. Бо парванда шинос нашудаам", - гуфт ноболиғ.

Беш аз ҳазор кас дар нооромиҳои моҳи январи Қазоқистон гумонбар ҳастанд. То охири моҳи июн 392 парванда ба додгоҳҳои он кишвар ирсол ва 445 кас муҷозот шудааст.

XS
SM
MD
LG