Ссылки доступа

Вакилони аврупоӣ саркӯби тазоҳуротро дар Бадахшон сахт маҳкум карданд


Порлумони Аврупо аз талафот дар ҷараёни тазоҳурот дар Бадахшон ибрози таассуф карда, ҳукумати Тоҷикистонро барои саркӯби хушунатбори эътирозгарон, хабарнигорон ва дигар фаъолони маданӣ маҳкум кардааст.

Шаҳри Хоруғу ноҳияи Рӯшони ВМКБ моҳи майи имсол шоҳиди тазоҳуроти мардуми норозӣ ва амалиёти, ба гуфтаи мақомот, зиддитеррористӣ буд. Дар натиҷа, бино ба омори расмӣ, 16 кас кушта шудаанд. Сокинон ва манобеи мустақил шумораи қурбониёнро тақрибан чиҳил нафар мегӯянд.

Дар қатъномае, ки 7-уми июл қабул шуд, Порлумони Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ба ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии одамон, аз ҷумла ҳуқуқ ба гирдиҳамоии осоишта ва озодии баён дар Бадахшону гӯшаҳои дигари кишвар эҳтиром бигузорад.

Мақомоти Тоҷикистон вокунише накардаанд, аммо дар гузашта тазоҳуроти гуруҳе аз мардумро дар Хоруғу Рӯшон "ғайриқонунӣ" ва сокинони норозиро "узви гуруҳҳои ҷиноӣ" номида буданд.

Вакилони маҷлиси қонунгузори Иттиҳоди Аврупо рӯзи 7-уми июл хостаанд, мақомоти Тоҷикистон аз истифодаи барзиёди нерӯ алайҳи тазоҳургарон ва таъқиби ҳадафмандонаи зодагони Бадахшон худдорӣ кунанд. "Аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунем, ҳама гуна таъқиб ба зидди хабарнигорон, ҳомиёни ҳуқуқи инсон, ҳуқуқдонҳои мустақил ва ҷомеаи шаҳрвандиро бас кунанд, то онҳо бе мамониат ва бидуни тарс ба кори худ идома диҳанд," – гуфтаанд онҳо.

Вакилони аврупоӣ хоҳони таҳқиқи одилона ва мустақилонаи рӯйдодҳои ноябри 2021 ва майи 2022 дар ВМКБ ва кушта шудани шаҳрвандони осоиштае ба монанди Гулбиддин Зиёбеков шуданд. Онҳо ҳамзамон раҳоии Улфатхоним Мамадшоева, Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Манучеҳр Холиқназаров, Фаромуз Иргашов, Хурсанд Мамадшоев, Чоршанбе Чоршанбиев ва Амриддин Аловатшоевро хостаанд.

Як рӯз пеш вакилон аз Австрия, Олмон ва Лаҳистон (Полша) Кристан Сагартз, Карстен Луке, Енгин Ероглу, Ричард Сернетски ва Сергей Лагодински аз Порлумони Аврупо хостанд, ба риояи эъломияи ҳуқуқи башар ва қонунҳои худи ин кишвар ба ҳукумати Тоҷикистон фишор оварад.

Узви Комисюни Аврупо Вирҷиниюс Синкевичюс эълом дошт, ки вазъият дар ВМКБ ва куллан Тоҷикистонро бо диққати тамом пайгирӣ мекунанд ва нигарониҳои худро дар машваратҳои сиёсӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи сентябр иброз хоҳанд дошт.

Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон моҳи майи имсол печида шуд. Дар ҷараёни амалиёти мақомот дар Хоруғу Рӯшон даҳҳо нафар кушта, беш аз 200 нафар дастгир ва чанде аз онҳо аз 11 то 18-солӣ зиндонӣ шуданд. Мурофиаи онҳо паси дарҳои баста гузашта, наздиконашон гуфтанд, онҳо вакили мудофеъ надоранд.

Порлумони Аврупо хостааст, муҳри "махфӣ"-и парвандаҳо бардошта шуда, дастрасии гумонбарон ба вакили мудофеъ таъмин гардад.

Мақомот ин афродро ба ташкили эътирозу ноамнӣ ва ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла дарёфти пул аз хориҷа муттаҳам мекунанд, вале наздиконашон мегӯянд, онҳо барои ҳимояти ҳуқуқи худ ва пешгирӣ аз густариши ноамнӣ дар вилоят талош доштанд.

XS
SM
MD
LG