Ссылки доступа

Қазоқистон аз Бонки ҷаҳонӣ беш аз 340 млн евро қарз мегирад


Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки аз Бонки байналмилалии бозсозӣ ва рушд (БББР), ниҳоди асосии қарзии Бонки ҷаҳонӣ ҳудуди 346 миллион евро қарз бигирад.

"Лоиҳаи созишномаи қарзӣ (қарз барои маблағгузории сиёсати рушд аз ҷониби бахши хусусӣ ва барқарорсозии устувори иқтисодӣ) байни Қазоқистон ва БББР тасдиқ карда шавад", - иқтибос овардааст хабаргузории КазТАГ аз матни фармони президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, ки аллакай ба иҷро даромадааст.

Дар созишнома гуфта шудааст, ки бонк барои додани қарз ба маблағи 345,7 миллион евро ба ҳукумати Қазоқистон розӣ аст.

Нурсултон вазифадор аст, ки то 15 апрели соли 2033 қарзро пурра баргардонад.

Қарзи хориҷии Қазоқистон то 1 январи соли 2022 ба 165,1 миллиард доллар расидааст, ки нисбат ба соли гузашта ним миллиард бештар аст.

Казахстан должен погасить весь долг до 15 апреля 2033 года включительно.

В 2020 году Казахстан получил от международных финансовых организаций более двух миллиардов долларов на борьбу с пандемией COVID-19. Большая часть этих денег взята в долг у Азиатского банка развития.

По данным на 1 января 2022 года, объем внешнего долга Казахстана составил 165,1 миллиарда долларов, несущественно увеличившись за прошедший год (на полмиллиарда долларов). За год показатель увеличился на 0,3 процента.

По данным Ассоциации финансистов Казахстана, значительное сокращение золотовалютных резервов и активов Нацфонда на фоне роста краткосрочного и государственного долга в 2021 году привело к ухудшению показателей внешней долговой устойчивости.

XS
SM
MD
LG