Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон муҳлати ҳабси хеши Назарбоевро тамдид кард


Додгоҳи шаҳри Нурсултони Қазоқистон муҳлати ҳабси пешакии Кайрат Боронбоев - қудои пешини Дариға Назарбоева, духтари президенти пешини он кишвар Нурсултон Назарбоевро як моҳи дигар дароз кардааст.

Дар ин бора хадамоти матбуотии додгоҳ рӯзи 8 июл иттилоъ додааст. Оҷонси назорати молии Қазоқистон рӯзи 17 март хабар дода буд, ки Кайрат Боронбоев бо гумони "ғорати маблағҳои бахши давлатӣ" дастгир карда шуд.

Додгоҳ худи он рӯз ӯро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Боронбоев тоҷири маъруфи қазоқ аст, ки намояндагии McDonald's-ро дар Қазоқистон роҳбарӣ мекунад. Ӯ дар гузашта дар бахши гази кишвар фаъолият мекард ва духтараш ҳамсари набераи Назарбоев -- Ойсултон Назарбоев буд.

XS
SM
MD
LG