Ссылки доступа

Дар Қирғизистон баҳси замин бо тирпаронӣ анҷомидааст


Дар натиҷаи як занозанӣ миёни сокинони вилояти Норини Қирғизистон шаш кас аз тири силоҳ захмӣ шудааст.

Ба огаҳии пулиси Норин, ҳамаи захмиҳо ба бемористон интиқол дода шудаанд. Ҳодиса 7 июли имсол, наздики соатҳои 23:00 дар деҳаи "Хутор-Ак-Талаа"-и ноҳияи Норин рух додааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, 30-40 сокини маҳалла ба тарафи хонаи як ҳамдеҳаи худ санг ҳаво дода, мошинашро оташ задаанд. Соҳибхона дар посух бо истифода аз силоҳ ба тарафи ҳамлагарон оташ кушодааст.

Дар натиҷа шаш кас захмӣ шуда, вазъи се нафарашон вазнин арзёбӣ мешавад. Ба иттилои пулис, баҳси ҳамдеҳаҳо бар сари замин будааст.

XS
SM
MD
LG