Ссылки доступа

Муассиси “Uzmetronom” аз Комил Алламҷонов дар додгоҳ узр пурсид


Додгоҳи ноҳияи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканд 6 июл парвандаи алайҳи бунёдгузори сомонаи “Uzmetronom.com” ва рӯзноманигор Сергей Ежковро баррасӣ кардааст.

Бино ба иттилои Uzmetronom.com, Ежков, ки дар туҳмат кардани роҳбари Бунёди рушди расонаҳои Узбекистон Комил Алламҷонов айбдор мешуд, дар мурофиа аз ӯ узр пурсидааст.

Қаблан Алламҷонов дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буд, ки Сергей Ежков 21 феврали имсол бо нашри матлаби "Писари алмосӣ" дар сомонаи Uzmetronom.com ӯро таҳқир ва ошкоро маро ба даст доштан дар қочоқи алмос ба маблағи 4,2 млн доллар айбдор кардааст.

"Ман ибтидо хомӯширо ихтиёр кардам, аммо баъди машварт бо ҳуқуқшиносон тасмим гирифтам, ки зидди Ежков ба додгоҳ шикоят кунам", - афзуда буд Алламҷонов.

Дар мақолаи "Писари алмосӣ" навишта шудааст, ки рӯзи 17 феврали соли ҷорӣ бо ҳавопаймои "Аэрофлот" аз Москва тарроҳ Ҷулетта Гурман ба Тошканд омада, талош кардааст, ки алмосеро бо қимати 4,2 млн доллар ба Узбекистон ворид созад.

XS
SM
MD
LG