Ссылки доступа

Дар моҳҳои апрел-май интиқоли маблағ аз Қирғизистон ба Русия 2,5 баробар афзудааст (ҷадвал)


Дар моҳҳои апрел-май нисбат ба моҳҳои гузашта ҳаҷми интиқоли маблағ аз Қирғизистон ба Русия 2,5 баробар афзудааст.

Дар ин бора дар гузориши Бонки миллии Қирғизистон хабар дода шудааст. Ба иттилои бонки мазкур, агар дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳармоҳа аз Қирғизистон наздики 35-41,5 млн доллар ба хориҷ интиқол шуда бошад, дар моҳи апрел якбора 80 млн доллар ва дар моҳи май 85,5 млн доллар интиқол шудааст.

Бештар аз 90 дарсади ин маблағҳо ба Русия интиқол шудаанд. Ба ҳисоби Бонки миллии Қирғизистон, дар сурате ки дар моҳҳои январ-март аз ин кишвар ба Русия ҳамагӣ 40 млн доллар интиқол шудааст, дар моҳи апрел интиқол якбора ба 73,3 млн ва дар моҳи май ба бештар аз 80 млн доллар расидааст.

Интиқоли маблағ аз Қирғизистон ба хориҷ бо ҳисоби млн доллар
КишварҳоЯнварФевралМартАпрелМай
Русия33,139,533,673,380,1
Қазоқистон0,30,50,50,80,6
Дигар11,11,25,54,8
Дар маҷмуъ:34,441,135,479,785,5
XS
SM
MD
LG