Ссылки доступа

Қазоқистон ба шаҳрвандони Ҳинд, Эрон ва Чин равуои дуҳафтаинаи бидуни визаро иҷозат дод


Шаҳрвандони Ҳинд, Эрон ва Чин метавонанд, бидуни виза вориди Қазоқистон шаванд ва дар он кишвар ду ҳафта боқӣ монанд. Ин тартибот аз 8 июл ба иҷро даромад.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ҳузури бидуни визаи шаҳрвандони кишварҳои зикршуда дар давоми 180 рӯзи тақвимӣ набояд аз 42 рӯзи тақвимӣ бештар шавад. Барои вайрон кардани ин тартибот шаҳрвандони хориҷӣ ҷарима, то 15 рӯз ҳабс, ихроҷ аз Қазоқистон ва ё вурудашон барои 5 сол манъ хоҳад шуд.

Ду ҳафтаи бидуни виза ба шаҳрвандони хориҷӣ иҷозаи кор дар Қазоқистонро намедиҳад.

Ержан Еркинбоев, ноиб-вазири фарҳанг ва варзиши Қазоқистон пештар гуфта буд, Қазоқистон теъдоди кишварҳои бидуни визаро то ба 100 мерасонад. Айни ҳол Қазоқистон бо 74 кишвар равуои бидуни виза ба роҳ мондааст.

XS
SM
MD
LG