Ссылки доступа

Барои довталабони қарақалпоқистонӣ муҳлати сабти ном дар донишгоҳҳоро тамдид карданд


Муҳлати сабти онлайнӣ ба донишгоҳҳоро барои довталабони қарақалпоқистонӣ тамдид карданд. Дастрасӣ ба интернет дар Қарақалпоқистон маҳдуд аст.

"Ин раванд комилан зери назорати ҳукумат аст. Муҳлати сабти номи онлайнӣ барои ҷавонони қарақалпоқистонӣ, ки фурсат наёфтанд, ҳуҷҷат супоранд, тамдид мешавад", - омадааст дар хабари вазорати маорифи Узбекистон.

Рӯзҳои 1 ва 2-юми июли имсол дар шаҳри Нуқус, маркази Қарақалпоқистон нооромӣ сар зад.

Эътирозгарон гуфтанд, аз тарҳи ислоҳҳо ба Конститутсияи Узбекистон норозиянд, чун "мустақилӣ"-и онҳоро аз байн мебарад.

Додситонии кулли Узбекистон мегӯяд, "рӯзи 1-уми июл гурӯҳе бо шиорҳои бардурӯғ мардумро таҳрик дода, боиси бетартибиҳо шуданд."

Ба иттилои Додситонии кулли Узбекистон, дар ин рӯйдод дар Қарақалпоқистон 18 кас кушта ва беш аз 240 нафар, аз ҷумла 38 афсар, захмӣ шуданд. То кунун дар бораи боздошти беш аз 500 кас гузориш расидааст.

Ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистон тақрибан ду миллион аҳолӣ дорад ва чиҳил дарсади қаламрави Узбекистонро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG