Ссылки доступа

Қимати хонаҳо дар Қазоқистон 26 дарсад боло рафт


Дар як соли охир (аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022) қимати хона дар Қазоқистон 26,8 дарсад афзудааст.

Манзилҳои иҷора низ дар он кишвар 21 дарсад гарон шудаанд.

Дар Қазоқистон дар як соли охир арзиши маҳсулот ва хидматрасонӣ дар ҳоли афзоиш аст. Ба ҷуз аз қимати манзил маҳсулоти ниёзи аввал низ дар Қазоқистон гарон мешавад. Ба иттилои расмӣ, аз ибтидои соли ҷорӣ қимати молу маҳсулот 20 дарсад боло рафтааст.


XS
SM
MD
LG