Ссылки доступа

Узбекистон дар бораи ҳодисаҳои Қарақалпоқистон ба Конгресси ИМА гузориш медиҳад


Дар бораи ҳодисаҳои Қарақалпоқистон, ки рӯзҳои 1-2 июл сурат гирифт, ба Конгресси ИМА гузориш дода мешавад. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ба расонаҳо хабар дод.

Сафири Узбекистон дар ИМА Ҷавлон Ваҳҳобов дар як суҳбати видеоӣ бо аъзои Конгресси Амрико "дар бораи вазъи Қарақалпоқистон иттилоъ додааст".

Сафорати Узбекистон хабар дод, дар поёни суҳбат созиш ҳосил шудааст, ки ба Конгресс гузориш дода шавад.

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 5 июл ба ҳодисаҳои Қарақалпоқистон вокуниш нишон дод ва аз ҳукумати Узбекистон даъват кард, ки пажуҳиши ҳаматарафа ва боз анҷом диҳад.

Рӯзҳои 1 ва 2-юми июли имсол дар шаҳри Нуқус, маркази Қарақалпоқистон нооромӣ сар зад.

Эътирозгарон гуфтанд, аз тарҳи ислоҳҳо ба Конститутсияи Узбекистон норозиянд, чун "мустақилӣ"-и онҳоро аз байн мебарад.

Додситонии кулли Узбекистон мегӯяд, "рӯзи 1-уми июл гурӯҳе бо шиорҳои бардурӯғ мардумро таҳрик дода, боиси бетартибиҳо шуданд."

Ба иттилои Додситонии кулли Узбекистон, дар ин рӯйдод дар Қарақалпоқистон 18 кас кушта ва беш аз 240 нафар, аз ҷумла 38 афсар, захмӣ шуданд. То кунун дар бораи боздошти беш аз 500 кас гузориш расидааст.

Ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистон тақрибан ду миллион аҳолӣ дорад ва чиҳил дарсади қаламрави Узбекистонро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG