Ссылки доступа

Дар корхонаи "Казфосфат"-и Қазоқистон садама рух дод. Мақомот гуфтанд, ба сокинон хатаре таҳдид намекунад


Дар корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии "Казфосфат"-и Тарози Қазоқистон садама рух дод. Ба иттилои расмӣ, ин ҳодиса шоми 11 июл рух додааст.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, сатҳи моддаҳои зиёновар дар муҳити атроф омӯхта мешавад.

"Гуруҳи мутахассисон ба Тароз рафтанд. Олудагии ҳаво аз моддаҳои зарарасон сабт нашуд. Вазъ таҳти назорат аст, аз натиҷаҳои санҷиш дертар хабар дода мешавад", - иттилоъ доданд дар вазорати муҳити зисти Қазоқистон.

Ҳукумати вилояти Ҷамбили Қазоқистон гуфт, ки "ба саломатии сокинон хатаре таҳдид намекунад".

Шоми 11 июл сокинони Тароз навиштанд, ки шаҳрро дуде фаро гирифтааст. Сокинон аз сурфа ва оби чашм шикоят карданд, ки дар натиҷаи дуд ҳосил шудааст.

XS
SM
MD
LG