Ссылки доступа

Боздошти роҳбари як ширкати сохтмонӣ дар Қирғизистон


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 11 июл раиси шӯрои мудирони ширкати сохтмонии "Иҳсон Групп ЛТД" боздошт шуд.

Аз боздоштшуда Акинай Бекмирзоева ном бурда мешавад.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон пештар нисбати ширкати мазкур бо моддаҳои "Қаллобӣ" ва "Азхудсозӣ ё исрофкории молу мулки ғайр" парванда боз карда буд.

Тафтишот мегӯяд, роҳбарияти "Иҳсон Групп ЛТД" ба сокинон дар ҳаҷми 121 млн 313 ҳазор сом зиён расонидааст.

Мақомот аз сокинон хостанд, ки ба ширкати мазкур ҳамкорӣ накунанд ва маблағ низ надиҳанд, зеро дар фаъолияти ин ширкат "усулҳои пирамидаи молӣ" дида мешавад.

XS
SM
MD
LG