Ссылки доступа

Мусодираи телефону кортҳои бонкӣ. Саидаминӣ ва Пирмуҳаммадзода дар куҷоянд?


Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ

Аз боздошти хабарнигору фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Завқибек Саидаминӣ чаҳор рӯз ва аз боздошти рӯзноманигор Абдусаттор Пирмуҳаммадзода се рӯз гузашт. Онҳоро маъмурони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат дастгир карда, аммо дар ин муддат нагуфтаанд, ки ба чӣ гумонбар ҳастанд.

Пайвандонашон мегӯянд, онҳо вакили мудофеъ надоранд ва дар куҷо буданашон маълум нест. Вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки як бахши кораш ба матбуот рабт мегирад, ба пурсишҳои батакрори хабарнигорон гуфт, "ҳоло фазои иттилоотӣ хуб аст."

Яке аз наздикони Абдусаттор Пирмуҳаммадзода рӯзи 12-уми июл гуфт, мақомоти интизомӣ телефон ва се корти бонкии ӯро "гирифта”, аммо иттиҳомашро нагуфтаанд.

"Мошинааш дар назди Раёсати корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат истода буд. Ба мо гуфтанд, мошинро ба хона баред, худаш барои даҳ рӯз дастгир шудааст. Нишон намедиҳанд. Ба ҳар куҷо рафтем, мегӯянд, ин хел одам нест. Сабаби боздоштро ҳам намедонем," – гуфт ӯ ва хоҳиш кард, ки номашро нанависем.

Маъмурони интизомӣ дар шаҳри Ваҳдат рӯзноманигори мунтақид Абдусаттор Пирмуҳаммадзодаро рӯзи 9-уми июл ба бозпурсӣ хонда, "дигар ҷавоб надоданд".

Ин хабарнигори собиқи радиои "Садои Душанбе" моҳи ноябри соли 2020 ва баъди навораш дар рӯзи президент маъруф шуд. Он замон гуфта буд, аз ночорӣ таксӣ меронад, аммо аз ҷаримаҳои ҳангуфт ва баҳудаву беҳудаи нозирони роҳ ба дод омадааст.

Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигор ва фаъоли дигари шабакаҳои иҷтимоӣ, шоми 8-уми июл, дастгир шуда, ҳеч хабаре дар бораи ӯ низ дар даст нест. Кӯшишҳо барои гирифтани шарҳи мақомоти умури дохилӣ то ин дам бенатиҷа аст.

Хабарнигорон рӯзи 12-уми июл дар нишасти матбуотӣ аз вазири фарҳанги Тоҷикистон пурсиданд, ки боздошти пайиҳами хабарнигорону блогерон дар Тоҷикистон баёнгари чист. Зулфия Давлатзода посух дод, ки "риояи қоидаву қонунҳои кишвар барои ҳар шаҳрванд, аз ҷумла барои блогерҳову рӯзноманигорон ҳатмӣ аст", аммо нагуфт, ки онҳо кадом қонунро поймол карданд.

Дар ҳоле ки рӯзноманигорон аз лаҳза ба лаҳза бадтар шудани шароити кор дар Тоҷикистон ташвиш доранд, вазири фарҳанг фазои иттилоотиро "хуб" арзёбӣ кард.

Хонум Давлатзода гуфт: "Боздошти журналистону блогерҳо. Иттилоъ доред, ки онҳо дар кадом сохтор ҳастанд. Барои посухи мушаххас ба ниҳодҳои дахлдор муроҷиат кунед. Мо ягон хулосаи мушаххас дода наметавонем. Ба гуфтаи Шумо, хабарнигорон, айни ҳол ягон аргумент, факт дар даст надорем."

Дар Тоҷикистон дар ду моҳи охир ҳафт блогеру рӯзноманигор дастгир шудаанд. Дар мавриди ҳеч яке аз онҳо мақомот изҳороти расмӣ нашр накарданд. Чандин хабарнигори дигар мегӯянд, зери фишор ҳастанд, аз ҷумла телефону компютери онҳо мусодира гаштааст ва худашон ҳушдор гирифтаанд.

Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, таъқиб ва таҳдиду фишор ба хабарнигоронро бас кунад. Мақомот вокунише накардаанд.

XS
SM
MD
LG