Ссылки доступа

То соли нави хониш наздики ҳазор мудири мактаби Қирғизистонро барканор мекунанд


Нодира Жусупбекова, муовини вазири маориф ва илми Қирғизистон рӯзи 13 июл хабар дод, ки мудирони мактабҳо дар он кишвар барои 5 сол таъйин мешаванд.

Баъди анҷоми ин муҳлат мудирон ҷой иваз мекунанд.

"Дар ҳамин ҳол, ҳамаи онҳо метавонанд барои дубора таъйин шудан ба мақоми мудирӣ талош кунанд. Озмуни санҷиширо мо дар фурсатҳои наздик дар Талас баргузор мекунем", - гуфт муовини вазири маорифи Қирғизистон.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, пештар бо имзои як фармон муҳлати мудирии мактабҳоро панҷ сол таъйин ва расидан ба ин мақомро тавассути озмун муқаррар кард.

Айни замон дар Қирғизистон 2162 мактаб мавҷуд аст. Дар он мактабҳо 82 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунад, ки нисфе аз онҳо ба марҳилаи нафақа расидаанд ва ё нафақахӯр ҳастанд.

XS
SM
MD
LG