Ссылки доступа

Дар бонкҳои Қазоқистон миқдори зиёди рубли русӣ ҷамъ шудааст


Дар бонкҳои тиҷории Қазоқистон миқдори зиёди рубли нақди русӣ ҷамъ шудааст. Ин ҳолат баъди он рух додааст, ки мақомоти Қазоқистон берун бурдани асъори хориҷиро манъ карданд, хабар доданд дар Бонки миллии Қазоқистон.

Яке аз дигар сабабҳои ҷамъшавии рубли русӣ, ба иттилои Бонки миллии Қазоқистон, ба афзоиши ҳаҷми тиҷорат бо Русия ва равуои озодонаи шаҳрвандони Русия ба Қазоқистон рабт дорад.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ президенти Қазоқистон бо имзои як фармон берун бурдани асъори хориҷиро аз кишвараш маҳдуд кард. Аз он замон то кунун шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳам шаҳрвандони Қазоқистон ҳақ надоранд, ки бештар аз 10 ҳазор долларро ба хориҷ баранд.

Ҳаҷми дақиқи рублҳои русии ҷамъшуда дар бонкҳои Қазоқистон хабар дода намешавад. Расонаҳо менависанд, дар охири моҳи май ҳаҷми умумии рубли нақд дар бонкҳои Қазоқистон ҳудуди 20 то 35 млрд-ро ташкил медод. Ҳоло эҳтимол дорад, ин нишондод афзуда бошад.

XS
SM
MD
LG