Ссылки доступа

Бародари раиси пешини кумитаи амнияти Қазоқистонро ҳангоми убури марз боздошт карданд


Нурлан Масимов, сардори пешини департаменти пулиси вилояти Павлодари Қазоқистон ва бародари раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти он кишвар Карим Масимовро боздошт карданд. Дар ин бора хадамоти зиддифасоди Қазоқистон рӯзи 13 июл хабар дод.

Нурлан Масимов дар марзи Қазоқистон бо Русия боздошт шудааст.

Вай дар моҳи январ аз мақом барканор ва аз моҳи апрел дар пайгард қарор дошт. Хадамоти зиддифасоди Қазоқистон мегӯяд, Масимов "дар гирифтани пора дар ҳаҷми калон" гумонбар мешавад.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон шоми 13 июл хабар дод, ки Нурлан Масимов мехост, марзро ғайриқонунӣ убур кунад.

XS
SM
MD
LG