Ссылки доступа

Фавти ду ҳоҷии тоҷик дар Макка


Ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми адои маросими ҳаҷ дар Арабистони Саудӣ даргузаштаанд.

Аз онҳо Муҳаммад Расулови 62-сола аз Исфара ва Қизларгул Тоҷиеваи 64-сола аз ноҳияи Қубодиён ном мебаранд.

Сомонаи расмии Кумитаи дин рӯзи 12-уми июл аз қавли Тӯрахон Шарифзода, сардухтури Ҳаҷ-2022, навишт, "ҳарду бинобар сабаби сактаи дил даргузаштанд. Маросими ҷанозаи онҳо дар "Масҷид-ул-ҳаром" баргузор гардид."

Шарифзода гуфтааст, зоирони дигари тоҷик солиманд, вале баъзе аз онҳо "ба сабаби нӯшидани оби сард аз дарди гулӯ, зуком, ҳарорат, бемадорӣ, дарди мушакҳо ва фишори баланд" шикоят доранд.

То замони пандемияи коронавирус солона аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор кас барои адои Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мерафт. Имсол Арабистони Саудӣ ба зиёрати 3562 нафар аз Тоҷикистон иҷоза додааст.

Ду соли охир ба далели пандемияи коронавирус сафари зоирон манъ шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, чанд сол боз дар Тоҷикистон тарғиб мекунанд, ки сокинон пули сафари ҳаҷ, яке аз рукнҳои муҳими дини исломро ба сохтмони пулу мактаб ва роҳу иншооти дигари иҷтимоӣ сарф кунанд.

Мухолифон ҳукуматро танқид мекунанд, ки бо истифода аз нерӯву пули мардум мушкилоти иҷтимоиро ҳал карданист.

XS
SM
MD
LG